• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар ноҳияи Фархор ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд

Migration Service by Migration Service
28.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар ноҳияи Фархор ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар рафти вохӯрӣ бо  фаъолони ноҳияи Фархор шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Баромадкунандагон Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ дар ҳаёти мамлакат арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои стратегии рушди мамлакат дар ояндаи наздик ифода меёбад. Омӯхтану дарк намудани ин ҳуҷҷат, пайваста ба он муроҷиат кардан ва ба таври васеъ шарҳ додани нуктаҳои мубрами он дар байни аҳолӣ бисёр муҳим ва муфид аст.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки бо татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бисёр соҳаҳо пешрафти назаррас ба даст омадааст. Ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, дар татбиқи стратегияю барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба комёбиҳо ноил мегардад.

Таъкид шуд, ки соли 2024 бори аввал ҳаҷми умумии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид ва суръати воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 4 баробар ва дар маҷмуъ 100 фоиз зиёд карда шуд. Давоми ин солҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди Тоҷикистон беш аз 197 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ – аз шифохонаю кӯдакистонҳо то роҳу пулҳои автомобилгарди замонавӣ ва эстакадаҳои сеқабата бунёд гардиданд.

Дар зимн сохтмони иншооти азими энергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» махсус таъкид шуд. Тавре Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, «то имрӯз қариб 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расидаанд ва шуруъ аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва силсила неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф карда мешавад».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки соли 2025 оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Дар иртибот ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки ҳадафи фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз қабули стратегияҳо, нақшаҳо ва барномаҳо, имзои қарорҳо ва фармонҳо, сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти зарурӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз», рақамикунонии соҳаҳо, рушди саноат, таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби сармояи хориҷӣ, зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа, муқовимат ба коррупсия, ҷалби сайёҳон ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар маҷмуъ як чиз – таҳкими сулҳу субот дар тамоми сайёра, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо давлатҳои дигари дунё, рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инро ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Мо ҳеҷ гоҳ дари умедро ба рўямон нахоҳем баст

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Файзобод

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Файзобод

Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.