Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ ва мусоидат ба таъмини шуғли шаҳрвандон, дар Ҷамоати деҳоти Чортеппа чорабинӣ бо иқдоми филилаи Маркази рушди ҳунармандии ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия давраҳои омӯзишии касби пазандагӣ ва ошпазӣ ҷамъбаст гардида, дар ду марҳила ба 35 нафар хатмкунандагон (гурӯҳи якум 15 нафар ва гурӯҳи дуюм 20 нафар) шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуданд. Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ директори филиали Маркази рушди ҳунармандии ноҳияи Рӯдаки Гурезов Фирӯз ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Назруллозода Муҳаммадраҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои дастгирии давлатии шаҳрвандон дар самти касбомӯзӣ, мусоидат ба дарёфти ҷойи кори муносиб ва рушди соҳибкории хурд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки соҳибкасб будан яке аз омилҳои асосии таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии оилаҳо ба шумор рафта, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлат метавонад дар беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон нақши муассир гузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ директори филиали Маркази рушди ҳунармандии ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи имкониятҳои омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла, пазандагӣ, ошпазӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки аз курсҳои ройгони касбомӯзӣ фаъолона истифода намуда, бо азхуд кардани касбу ҳунарҳои серталаб имкони бештари шуғл ва даромадро барои худ фароҳам оваранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

