Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия сафар менамуданд пеш аз сафар бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ намуда дастурҳои муфид доданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба маълумоти онҳо расонида шуд, ки қонуни федералӣ аз 8 августи соли 2024, № 260-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия”, аз тарафи Президенти Федератсияи Россия имзо шудааст.
Акунун будубош дар Федератсияи Россия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд (қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд).
Хотиррасон менамоем, ки соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад (банди 5 моддаи 2 Қонуни федералии № 107-ФЗ «Дар бораи ҳисоб кардани вақт» аз 3 июни соли 2011); – шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки аз кирдорҳои ба Россия зараровар худдорӣ кунанд.
Эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Россияро пос нигоҳ доранд.
Ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Россия бо эҳтиром муносибат кунанд. Муҳоҷирони муваққатӣ, метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома зикргардида (на бештар аз 1 сол), ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд, (муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд); хуруҷ аз Федератсияи Россия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи мӯҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст; ҳангоми гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад; Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур аз 2 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Россияро риоя намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
- Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
- Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
- Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53.
- Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
- Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
- Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11.
- Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда шуд, ки ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунанд, зеро аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд.
Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд. Барои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар шумо метавонед ба ин ташкилотҳо муроҷиат намоед.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират