Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷуҳи шаҳрвандоне, ки донандаи забони англисӣ мебошанд, оид ба кор ба Давлати Қатар тавассути ширкати ‘Ал – Ҷусур” даъват менамоянд. Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират воқеъ дар кучаи С. Айнӣ 121-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Ба довталабон кор дар соҳаҳои хидматрасонӣ ва меҳмондорӣ, пешхидмат, ошпаз, ва ғайра пешниҳод мешавад.
Ҷойи истиқомат, нақлиёт, хӯрок, суғурта ва рухсатӣ визв ва чипта аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад.
Талабот:
аз 21 то 45 сол доштан;
донистани забони англисӣ ва ё араби (вобаста ба вазифа ва сатҳи он);
надоштани доғи судӣ;
бақайдгирӣ дар пойгоҳи “tawzeef.qa”.
Рақамҳо барои тамос: 225-05-75 974-36-38-38

