КОР ДАР ҶУМҲУРИИ БУЛҒОРИСТОН
Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, хоҳишмандонро барои кор дар вазифаҳои:
- Парастор (нигоҳубини беморон), момодоя, санитар/фаррош, хонакор, хазинадор, ҳамшираи шафқат, бофанда, устои таъмири сехи бофандагӣ, корманди ошхона, бофанда ва дарзмолгарон (ин вакансияҳо барои занон ва оилавӣ аз 20 то 55 сола)
- Қулфсози таъмири таҷҳизоти барқӣ (слесери автоэлектрик), Қулфсози таъмири мошинҳои роҳсозӣ ва сохтмонӣ, Механики мошинҳои боркаши вазнин ва техникаи роҳсозию сохтмонӣ, Механики автомобил (слесери таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ), Муҳандиси сохтмони нақлиёт, Оператори дастгоҳҳои металлкоркард ва тарошкор, Роҳбари техникӣ, Электромонтёр оид ба корҳои сохтмонӣ, Электромонтёр, Оператори мошинҳои роҳсозӣ, Ронандаи борбардор, Электромонтёр (кафшергар). (ин вакансияҳо барои мардони аз 25 то 45 сола)
- Ронандаи мошини боркаши вазнини партовкаш (категорияи C), Ронандаи мошини боркаши нимприцепдор, Ронандаи самосвал (категорияҳои C+E), Мошинисти фрезаи роҳсозӣ, Мошинисти ғалтаки роҳсозӣ (каток), Оператори дастгоҳи омехтани асфалт, Оператори асфалтпаҳнкунанда, Мошинисти мошинҳои роҳсозӣ, Корманди коркарди пӯшиши роҳ, Ронандаи ғалтаки асфалтӣ (каток), Ронандаи техникаи асфалтпаҳнкунанда, Мошинисти экскаватори омехта JCB 3CX, Оператори экскаватор ё борбардори фронталӣ, Оператори техникаи роҳсозӣ: Булдозер. (ин вакансияҳо барои мардони то 45 сола)
дар Ҷумҳурии Булғористон даъват менамояд.
Шартҳои асосӣ:
- Мардону занони сину солашон аз 25 то 50 сола
- Музди меҳнат аз 750 евро боло (вобаста ба иҷроиши кор ва вакансияҳои пешниҳодшуда)
- Донистани забони русӣ
- Чиптаи ҳавопаймо, ҷойи зист ва қайди муҳоҷиратӣ аз ҳисоби корфармо
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои бақайдгирӣ ва маълумоти муфассал ба Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121 муроҷиат намоянд.
Телефон барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21; (рӯзҳои корӣ аз Душанбе то Ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00)
