Кор дар Полша барои кафшергарони MIG, MAG ва TIG
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро аз имконияти бо кор таъмин шудан дар Ҷумҳурии Полша аз рӯйи ихтисосҳои зерин огоҳ менамояд:
Ихтисосҳо:
Кафшергари MIG;
Кафшергари MAG;
Кафшергари TIG.
Шароити меҳнат:
Музди меҳнат аз 35 злотии Полша дар як соат (нетто), тақрибан 8,91 доллари ИМА;
Бо кор таъмин шудан дар Полша тибқи шартҳои расмии меҳнатӣ.
Талабот ба довталабон:
Синну сол аз 23 то 45-сола;
Донистани хуби забони русӣ ё англисӣ;
Доштани диплом, сертификат ё ҳуҷҷати дигаре, ки ихтисоси кафшергарро тасдиқ мекунад;
Доштани малакаҳои касбӣ ва таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисоси дахлдор.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат ба МД. “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.
Телефон барои маълумот: 2250575
Рӯзҳои корӣ: Душанбе – ҷумъа, соати 08:00 то 17:00.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
