• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Эмомалӣ Раҳмон – абармарди сарнавиштсози миллат

Migration Service by Migration Service
06.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Эмомалӣ Раҳмон – абармарди сарнавиштсози миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асри XX барои Тоҷикистон давраи гардиши куллӣ буд. Мардуме, ки бо таърихи ҳазорсолаи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, дар шароити иттиҳоди ҷумҳуриҳо қарор дошт. Даврони шӯравӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи тараққиёти худ ба зинаи баланди рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барояд.

Маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта мамлакати мо истиқлоли давлатии худро соҳиб шуд. Як муддат шикасти муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо мамолики аъзои собиқ ИҶШС ба амал омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастгирии қувваҳои беруна бо мақсади тағъир додани сохти давлатӣ оғоз гардид, ба бўҳрони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда расонда, мамлакати моро дар ҳолати вазнин нигоҳ дошт. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ раҳоӣ ёфта, мардуми Тоҷикистон шинохти ҷаҳонии худро пайдо карданд.

Дар ҳақиқат, халқи тоҷик дар он солҳо ба роҳбарияте ниёз дошт, ки ба ҷанг хотима бахшида, роҳро ба сулҳу тараққиёт боз намояд. Чунин роҳбар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Дар ҳақиқат, ӯ бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормони мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардида, рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, воқеан ҳам, санади сарнавиштсози миллӣ гардид. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод ва хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар он аст, ки маҳз бо ибтикори бевосита, заҳмати шабонарӯзӣ ва азму талоши пайгирона барои ба даст овардани сулҳ Ватанро аз хатари нобудӣ эмин дошт.

Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ягона роҳи тағйири сохти давлатдорӣ ва ба сари қудрат омаданро на ба воситаи риояи қонуният ва дарназардошти манфиатҳои миллӣ, балки дар зӯроварӣ ва аз роҳи табаддулоти давлатӣ пеш гирифтанд. Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, созмонҳои оппозитсионӣ ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ғасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом доданд. Яке аз ҷиноятҳои гурӯҳи ифротӣ бо таҳдиду зӯроварӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аризаи истеъфои Президенти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда Раҳмон Набиевро гирифтани онҳо буд. Ин амал ва қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла ба фаъолияти иҷлосияҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мудохилаи пайдарпай кардан ва имкони амали озодона надодан ба вакилони халқ ва кӯшиши ғасби ҳокимият, норозигии умумихалқиро ба вуҷуд овард ва аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки таъсири неруҳои оппозитсионӣ дар он ҷойҳо заиф буд, барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. Дар ниҳоят, бинобар имконнопазирии фаъолияти бемамонияти Шӯрои Олӣ вакилони халқ ҷамъ омада, кори худро идома доданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят вазнин барои мардуми ҷумҳурӣ ва таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Дар ин иҷлосия вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ таҳлил шуда, вакилон раиси нави Шӯрои Олиро интихоб намуданд, ки, ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Ба ин вазифаи олӣ интихоб шудани яке аз шахсиятҳои ҷасур ва воқеъбин Эмомалӣ Раҳмон, тавре баъдан собит гардид, қарори хеле муҳим ва аҳамияти таърихӣ дошта буд. Аз рӯзи аввали ба раисии Шӯрои Олӣ интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят мураккаб ва хавфнок Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.

Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Ӯ ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар он марҳила ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои одӣ ворид гардад.

Дар ҳамин тӯли 35 сол миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистони оғушта ба хун ва ҷангзадаи сароғози истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил додааст. Дар дунёи муосир, ки сарнавишти халқҳову миллатҳо дар баҳамхўрии манфиатҳои доираҳои бузурги сиёсӣ ва дар бисёр маврид на аз рўи қонунмандиву адолати таърихӣ ҳаллу фасл мегарданд, дар фосилаи дар қиёси таърихӣ кўтоҳ ба дастовардҳои беназир дар давлатдорӣ ноил шудани Тоҷикистон рўйдоди нодир ва бебаҳои таърихӣ мебошад. Роҳе, ки мо дар ин солҳо дар шоҳроҳи истиқлоли миллӣ паймуда шудааст, роҳи осоне набуд ва ҳалли маҷмўи вазифаҳое, ки пешорўйи миллати мо қарор дошт ва гаронии он, пеш аз ҳама, бар дўши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтода буд .

Пешвои миллат бо хираду заҳмати худ на танҳо давлатро барқарор сохт, балки фарҳанг, таърих ва Истиқлолияти тоҷиконро эҳё кард. Хизматҳои муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар таърих чун намунаи абармардӣ ва давлатсозӣ боқӣ мемонад.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Баргузории суҳбату вохӯрӣ бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Next Post
Баргузории суҳбату вохӯрӣ бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Баргузории суҳбату вохӯрӣ бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.