Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Сарвари давлат дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили ин рӯз ҳадяи беҳтарин барои ҳамагон аст ва онро бояд ҳифзу гиромӣ дошт ва бо тантана ҷашн гирифт.
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзад ва кӯшиш менамояд, ки ҳамчун намуна истифода барад.
Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибони сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Дар натиҷаи талошҳои Сарвари давлат дар зарфи 30 – сол тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву худогоҳӣ, таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Таъкидҳои падаронаи Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозанд, ки тибқи дастурҳои Ҳукумати кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватан саҳм гузорем.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ҳамасола таҷлил менамоянд.
Дар он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ҷавонмарди матин Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як шаҳрванд фурӯзон карданд. Талоши шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳур аст.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки бо роҳнамоии Президенти Тоҷикистон ибтидои асри ХХI ва ҳазорсолаи сеюм барои тоҷикон шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ кушода истодааст.
Тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному фаъолияти хастанопазир ва ҷонфидоии абармард робитаи қавӣ дорад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор ва буёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳисобид. Зеро Сарвари давлат аз қадамҳои нахустин роҳи кишвари тоҷиконро ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ интихоб карда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намудаанд.
Мо – ҷавонони замони истиқлол, аз масъулияти баланди ватанпарварии Сарвари давлат ифтихор дорем ва ҳамеша бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ менамоем.
Орифҷон Олимзода,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб