Ватан ин модари ман, модари ту, модари ом аст ва Ватан муқаддас аст барои ҳар як соҳибватан. Ватан ҳар як тифли дар домонаш ба дунё омадаро мисли модар қабул дорад. Дар болои хоку осмони софаш ба воя мерасонад ва аз ҳама муҳим Ватан фарзанди бовафоро мепарастад.
Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем. Ҳар ҷавон дар дил орзуе дорад. Орзуҳои нахуст хуб хондан, соҳиби илму ҳунар шудан ва ба нафъи халқу Ватан хизмати шоиста кардан мебошанд. Чӣ тавре шоир фармудааст:
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Дар ҳама давру замонҳо одамони нексиришт буданд, ҳастанд ва хоҳад буд.Мо ҳоло дар бораи яке аз чеҳраҳои намоён, фарзанди барӯманди Ватан Роҳбари варзида, марди ростқавлу як маром, шахси меҳнатқарину дар оила сарвари бо вафо, дар байни ҷомеа обрӯманду эътироф гардида, ки ҳамагон ӯро ҳурмату эҳтиром менамоянд, ин сиёсатмадори аслӣ, пешвои одилу оқил, Роҳбари ваҳдатовар, Сарвари сулҳпарвар, Президенти мардумӣ, дипломати башардӯст ва яке аз поягузорони давлати навину ҷавони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан медонем.
Олами сиёсат ва шоҳроҳи бузурги давлатдорӣ кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки тавониста бошанд дар дида ва қалби ҳар шаҳрванди кишварашон ба некӣ сабт шуда бошад. Ҷаҳон роҳбарону сиёсатмадорони зиёде дидааст, лек ангуштшуморанд онҳое, ки дар асл пешво, роҳнамо ва машъали тобони халқу миллати хеш бошанд.
Чӣ гунае, ки аз таърихи давлату давлатдории башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи давлатдорӣ қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилонаю шоён ба халқу ватан, меҳру самимият ба давлату миллат, саъйкунанда дар роҳи озодиву истиқлоли меҳан ва рафтору гуфтори накуяшон боис мегардад, ки мардум худ онҳоро сарвар, роҳбар, президент ва пешво интихоб намоянд.
Ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба рушди тараққиёти давлату миллат, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати комил дар фазои меҳан ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида ба пиндор, гуфтор, кирдор ва хулқу атвори накӯяш номи худро дар қалби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дуои модари бузургвори хеш ба фаъолияти худ шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввалини кории хеш ба мардуми ғусадидаи тоҷик қавл доданд, ки ман бо баробари ҷон ҳам бошад ба кишвар сулҳро фароҳам меоварам. Ин абармарди олами сиёсат яке аз нахустин роҳбароне, дар таърихи давлатдории мо тоҷикон аст, ки ба савганди худ содиқ монда, дар кишвари Тоҷикистон фазои сулҳу суботи комилро фароҳам гардониданд.
Дар ин замина ёдрас менамоем, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар Рӯзи Президент пазируфта шуд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили ин рӯз ҳадяи беҳтарин барои ҳамагон аст ва онро бояд ҳифзу гиромӣ дошт ва бо тантана ҷашн гирифт.
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзад ва кӯшиш менамояд, ки ҳамчун намуна истифода барад.
Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибони сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Дар натиҷаи талошҳои Сарвари давлат дар зарфи 33 сол тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву худогоҳӣ, таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Таъкидҳои падаронаи Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозанд, ки тибқи дастурҳои Ҳукумати кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватан саҳм гузорем.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд.Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ҳамасола таҷлил менамоянд.
Дар он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ҷавонмарди матин Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як шаҳрванд фурӯзон карданд. Талоши шабонарӯзии ин марди абарманд боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳур гардид.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки бо роҳнамоии Президенти Тоҷикистон ибтидои асри ХХI ва ҳазорсолаи сеюм барои тоҷикон шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ кушода истодааст.
Пешвои миллат дар ҳақиқат поягузори мактаби нав дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва равобити байналмилалист. Зеро замоне, ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар уҳда гирифтанд, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт.
Ҳамин тавр, хизматҳои Пешвои миллат аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод.Илова бар ин, тазаккур бояд дод, ки ба Ватан бозгардонидани гурезаҳо ва ба ҷойи истиқомати доимӣ баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ яке аз ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мо – ҷавонони замони истиқлол, аз масъулияти баланди ватанпарварии Сарвари давлат ифтихор дорем ва ватандӯстиро бояд аз ӯ омӯхт. Инсони комил буданро бояд аз ӯ омӯхт. Фидоиву дар ваъдаи хеш вафо карданро бояд аз ӯ омӯхт ва дар рушди ин сарзамини биҳиштӣ саҳм гузоштанро бояд аз ӯ омӯхт. Тоҷикистон бо чунин Пешвои фидоиву ободкор дар оянда низ ободу зеботар ва шароити зисти сокинонаш боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Дар ин росто танҳо мо-шаҳрвандонро лозим аст, ки дар бари Роҳбари хеш бошему аз иқдомҳои созандаашон дастгирӣ намоем.
Олимзода Орифҷон Олим,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб