Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад, барои халқи тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз намуд. Таҳкими сохти конститутсионӣ ва эъмори давлатдории миллӣ дар шароити буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ зарурати ташаккули сиёсати хориҷии мустақилро ба миён овард. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва таърихӣ мебошад. Ӯ ҳамчун бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар тавонист Тоҷикистонро ба ҳайси субъекти соҳибихтиёри муносибатҳои байналмилалӣ шиносонад ва заминаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам оварад.
Соли 1992 дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи басо мураккаб, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо ҳадафи аввалия — таъмини сулҳ, суботи сиёсӣ ва муҳофизати истиқлолият ташаккул ёфт. Ҷалби кумакҳои байналмилалӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҷаҳон ва шомил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии ин давра буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд: “Мо сиёсати хориҷии худро бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила бунёд менамоем”.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи ӯ Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд ва ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар ниҳодҳои бонуфуз шомил гардид.
Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар пояи чанд принсипи асосӣ ташаккул ёфт: Ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ — Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифт ва бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ барқарор намуд; Нақши созанда дар таҳкими сулҳу субот — Тоҷикистон ташаббускори муҳим дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардид, аз ҷумла дар масъалаи об ва тағйирёбии иқлим; Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ — бо истифода аз захираҳои табии кишвар, ташаккули ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба як самти муҳими сиёсати хориҷӣ табдил ёфт; Дипломатияи об ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ — Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Пешвои дипломатияи об” дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Баъди пешниҳоди ӯ даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” эълон гардид.
Бо кӯшишҳои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист:
Муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегиро бо кишварҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди АвруОсиё барқарор ва таҳким бахшад.
Дар ташкили созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), саҳми муассир гузорад.Ба татбиқи ташаббусҳои байналмилалии об мусоидат намояд, ки мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Марҳилаи нави ҳамкориҳои минтақавиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз намояд, ки ба таҳкими эътимод ва рушди ҳамгироӣ мусоидат кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши беназир ва таърихӣ дорад. Сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии ӯ бар пояи манфиатҳои миллӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст. Имрӯз Тоҷикистон ба туфайли талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳамчун шарики боэътимод дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва сиёсати хориҷии мутавозин ва муваффақонаи он омили муҳим дар таъмини рушди устувор ва таҳкими истиқлолият мебошад.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон