• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат

Migration Service by Migration Service
30.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе хониши идоравӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат” бо иштироки мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоркашов С. П. баргузор гардид.

Зимни баромади хеш, қайд карда шуд, ки мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузургу беназир, ки ба халқи Тоҷикистон кардааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарафроз гардонида шудааст.

Бояд иқрор шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти муназзами сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард.

Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хоси худ дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта, эътирофи байналмилалиро касб намуд.

Дар ин мактаби бузург, ки хусусиятҳои хосси он бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гаштааст, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути ин боргоҳи сиёсии таълимӣ ба таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон муаллифи чор ташаббуси бузург, аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои ҳаёт» солҳои 2005 – 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028 мебошад, ки аҳамияти глобалӣ доранд.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Пас аз талошҳои ҷоннисоронаи мардум бо роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” қабул гардид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзии мо интизор буданд.

Ин дастовард аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон саҳми таърихӣ гузошт.

Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният, сулҳу суббот дар Афғонистон масъалаи дигари муҳими аввалияи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ хеле баланд аст.

Сохта ба истифода супоридани чандин иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000 ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, таҷдиди НБО «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идомабахши корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.

Бинобар ин бо қадрдонӣ аз ин ватану миллати бузурги хеш, мардуми шарифи Тоҷикистон набояд фаромӯш кунанд, ки муваффақиятҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, ба ном ва хизматҳои шоёну беназири Пешвои муаззами миллат пайванд буда, дар китоби таърихи зиндагонии халқ солҳо сазовори эътимоду бовари боқӣ мемонад. Бифахранд, ки дар биҳишти руи дунё бо ном Тоҷикистон озодона зиндагонӣ менамоянд ва чунин Сарвари оқилу бохиради ҷонфидо доранд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирта дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ

Next Post

Соли маърифати ҳуқуқӣ. Бахшида ба он дар ноҳияи Фархор бо сокинон вохӯрӣ доир шуд

Next Post
Соли маърифати ҳуқуқӣ. Бахшида ба он дар ноҳияи Фархор бо сокинон вохӯрӣ доир шуд

Соли маърифати ҳуқуқӣ. Бахшида ба он дар ноҳияи Фархор бо сокинон вохӯрӣ доир шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.