Дар нимаи дуюми 10 июли соли равон дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид, ки онро Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо раисӣ кард.
Дар кори ҷаласа муовини сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба ҳозирин расонида шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025 – и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, №39 тасдиқ гардид.
Стратегия маҷмӯи мақсад, самт ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд.
Бо назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дароз муҳлатро пешбинӣ менамояд.
Ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22 июни соли 2023, №1968 омода гардида ба мақоми ваколатдор пешниҳод гардид, ки пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, ин муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиати хаттӣ ва муроҷиати телефонӣ мебошад.
Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 26 июни соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17 706 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки аз онҳо 17 022 нафар шифоҳӣ, 59 нафар муроҷиати хаттӣ ва 625 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.
Яке аз масъалаҳои зарурӣ ин ба роҳ мондани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони масъули Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инчунин, Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар Хуҷанд ва Хоруғ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 1 639 вохурӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 327 305 нафар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 460 вохурӣ зиёд баргузор шудааст.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ғайра мебошад.
Раисикунандаи ҷаласа Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират