Санаи 9 июли соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират маҷлиси Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид, ки онро Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо раисӣ кард.
Дар кори маҷлиси Шурои Хадамот муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок доштанд.
Дар маҷлис бо ҳисоботи шашмоҳа дар назди ҳозирин муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки Хадамоти муҳоҷират фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумат, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, супоришҳои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ мондааст.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд.
Ҳамзамон, дар кори маҷлис муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод баромад намуда, дар бораи муташаккилона сафарбарнамудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа, омодагии пеш аз сафар, ҷоннок намудани корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ибрози ақида намуд.
Раисикунандаи маҷлис Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаи касбомӯзӣ ва забономӯзӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта, инчунин камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
