• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Фирефтаи афкори иғвогарон нашавем

Migration Service by Migration Service
27.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳадафи қувваҳои пешбар, хатарзо ва таҳдидовари терроризм, намояндагони зархариди ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкумшудаю эътирофнашуда, даҳшатафканию куштор, ифротгарию тундгароӣ, зӯрию тахрибкорӣ аст. Аз воситаҳои ахбори омма мо ҳар рӯз шоҳиди манзараҳои қатлу ғорати бачагон, занону духтарон, аҳолии осоишта, ваҳшонияту кирдорҳои бешарафонаи ин гурӯҳҳо мегардем. Новобаста аз он ки ин доираҳои экстремистӣ ба тамоми инсоният хатарҳо эҷод кардаанд, иддае аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба сафи онҳо мепайванданд.

Аламовар он аст, ки чунин ашхос дидаву дониста фирефтаи шиору мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои даҳшатафкан гаштаанд. Ба назари мо камсаводию нодонӣ, роҳи дурусти зиндагиро надонистану наёфтан ,ба душвориҳои муваққатию муқаррарии ҳаёт тоб оварда натавонистан, нокомиҳои зиндагӣ, набудани ҷойи кору ихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, роҳи осони кор кардани маблағ, яккаву танҳо мондан рӯ ба рӯи мушкилот, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудан омилҳои асосии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои моҷароҷӯю ифротианд.

Ҷавонон набояд ба роҳи хато раванд, чаро ки роҳи нодуруст ба хорию зорӣ, коҳиш ёфтани шаъну шараф, аз даст рафтани обрӯю эътибори худи шахс, оилаю хешу ақрабо, парешонию нотинҷии оилаҳои хушбахт, боиси тарки Ватан, ҷудоию бадбахтии фарзандон, гирифтори ғарибӣ, ихтиёран хешро ба коми оташ партофтан, ниҳоят ба марги ногузиру маҷбурӣ мебарад.

Дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфноку ҷиноятпеша дар қатори ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ мактаб низ муваззаф аст. Касе ҷинояткор таваллуд намешавад. Ҳамаи фирефташудагон дар оилае, мактабе таълиму тарбия гирифтаанд. Аз ҷамъият низ дур набуданд. Шояд ягон ҷиҳати тарбияи фиребхӯрдагон аз доираи назари мо берун мондааст, дар ҳалли дурусти масъалае дар ғафлат мондаем ё ба иштибоҳе роҳ дода бошем.

Талаба аз рӯзи қадамҳои аввалинро ба остонаи мактаб гузоштан бояд аз ҷиҳати маънавӣ сиёсӣ, ҷисмонӣ, илмӣ ва иттилоотӣ ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда бошад. Мактаб бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо оила дар тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии бачагон мавқеъ ва мақоми созгор дошта бошад. Ҳар соату дақиқа дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ, дар дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ ва корҳои тарбиявӣ, дар ҷамъомаду маҳфилҳо, вохӯриҳо бо падару модарон бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ, баромадҳои омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба назди талабагону волидайн, ҳангоми сӯҳбатҳои инфиродӣ бо хонандагони душвортарбия ва беҳудагард доштани алоқаи зич ва ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон ва хонаводаҳои осебпазир бояд пешорӯи фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорону мактаб қарор гиранд.

Бачагон ҳангоми мактабхонӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ, интихоб ва аз худ кардани ихтисосҳои гуногун ҳангоми мактабхонӣ имкон доранд. Агар хонанда аз ҷиҳати сиёсию ахлоқӣ обутоб ёфта бошад, ҳеҷ вақт ба равия ва ташкилотҳои хатарнок майл намекунад. Зеро медонад, ки оқибати амали нодурусташ ба костагии ахлоқ, хиёнат ба Ватан, маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳрумиятҳои дигари маънавию иқтисодӣ оварда мерасонад.

Идиев Азизулло,
Мудири бахши Хадамотим муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ

Previous Post

Дарси идоравӣ дар “Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ

Next Post

Масуълиятнокии кормандон дучанд гардид

Next Post

Масуълиятнокии кормандон дучанд гардид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.