Бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бонувони Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” гузаронида истодаанд.
Саравал бонувони Хадамот дар рафти суҳбату вохӯрӣ бо он нафароне, ки аз Федератсияи Россия ба ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар дохилӣ кишвар, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, шахсоне, ки донандаи забонҳои хориҷӣ ҳастанд, метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари мубоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ муроҷиат намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкатҳои давлати хориҷа худро номнавис кунанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, таъкид намуданд, ки пеш аз сафар омодагии ҳамаҷониба дида, баъд нияти сафар кунанд. Пеш аз ҳама шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамзамон, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

