5 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” хониши идоравӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид.
Зимни баромад сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират Абдушаҳидов Ҳумоюн, ки маърузачӣ буд, аз ҷумла қайд кард, ки дар интиҳои соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул кард, ки он аз 5 боб 21 модда иборат буда, барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад.
Дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки ба мақсади «ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ» дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст. Қонуни мазкур ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- Ватан – Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд;
- ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан;
- дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ – маҷмуи чораҳои ташкилии таълимӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва чораҳои дигари аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул ва амалишаванда, ки ба муҳайё намудани шароити мусоид барои кори ватандустӣ нигаронда шудаанд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд;
- низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – маҷмуи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, маънавӣахлоқии фаъолияти таълимӣ ва оммавию тарбиявӣ, инчунин маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ташаккули тафаккур ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон;
- тарбия – падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд;
- тарбияи ватандӯстӣ – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст;
- тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ – маҷмуи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст;
- тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ – маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беҷаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст;
- тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ – маҷмуи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу ҷанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст;
- ҳисси шаҳрвандӣ – ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат.
Ҳамзамон маърузачӣ, иброз намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эмин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Қабули ин қонун гувоҳи содиқи ин гуфтаҳост.
Ин қонуни ҳаётан муҳим қабл аз ҳама сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян месозад. Воқеан тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзуъ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад.
Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират