19 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират хониши идоравӣ дар мавзуи “Падидаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо иштироки дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов Наимҷон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки мафҳуми “хизматчии давлатӣ” дар замони Шуравӣ ба таври расмӣ мавҷуд набуд.
Аниқтараш ин категория, яъне хизматчиёни давлатӣ вазъи ҳуқуқӣ ва мазмуни предметӣ надоштанд ва бинобар ҳамин дар сатҳи қонунгузорӣ ба таври расмӣ мафҳуми он муайян нашуда, аз ҷониби олимон низ мавриди тадқиқ қарор нагирифта буд.
Ин аст, ки дар ИШҶС асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии ин мафҳум арзи вуҷуд надоштанд, гарчанде, ки дастгоҳи бузурги кормандони давлатӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ ва иттифоқӣ вуҷуд доштанд.
Мафҳуми “хизматчӣ” нисбат ба ҳамаи кормандони давлатӣ, ки фаъолияти зеҳнӣ ё худ ғайриҷисмониро ба иҷро мерасониданд, паҳн мегардид.
Ба сифати хизматчиёни давлатӣ на танҳо кормандони мақомоти давлатии шуравӣ, балки ҳатто онҳое, ки дар вазифаҳои ҳарбӣ, тиббӣ, омӯзгорӣ ва ғайра қарор доштанд, дохил мешуданд. Ба ғайр аз ин ба ҳайси хизматчии давлатӣ ҳатто кормандони сохторҳои ғайридавлатӣ – дастгоҳи ҳизбӣ, комсомолҳо, мақомоти иттифоқӣ ва ташкилӣ низ дохил мегардиданд.
Зарурияти ташкил ва ташаккул додани хизмати давлатӣ бо мавҷудияти худи давлат, мақсад, вазифа ва функсияҳои он, ҳамзамон бо эҳтиёҷоти таъминоти кадрии мақомоти давлатӣ бо ҳайати кормандони соҳибкасбу кордон, ки қобилияти идора кардани ҷамъият ва дар маҷмӯъ давлатро доро мебошанд асос меёбад.
Хизмати давлатӣ яке аз падидаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар низоми идоракунии давлатӣ ва ҳокимияти давлатӣ мавқеи созандаро касб менамояд.
Мавқеи хизмати давлатӣ дар низоми ҳокимият ва идоракунии давлатӣ аз таъиноти он бармеояд.
Тавре ки маълум аст, қонунгузории кишвар дар соҳаи хизмати давлатӣ асосан баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфта буд.
Аввалин маротиба масъалаи хизмати давлатӣ дар моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Тибқи он “шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд”.
Мутобиқан, то имрӯз дар таърихи давлатдории кишварамон ду маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», аз ҷумла, нахустин маротиба 13 ноябри соли 1998 ва дар таҳрири нав аз 5 марти соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузоштанд.
Дар асоси онҳо қабули зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи онҳо, кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ба тасвиб расида, масъалаҳои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва дар маҷмуъ идоракунии захираҳои инсонии мақомоти давлатӣ пурра танзим гардиданд.
Дар ҳамин замина қайд намудан зарур аст, ки қонунгузории танзимкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маҳдуд намегардад.
Зеро тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур низоми хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ ҷудо мегардад, ки зарурати қабул ва ба роҳ мондани қонунҳои алоҳидаро ба вуҷуд меорад.
Зеро аз ҷиҳати хусусиятҳои алоҳидаи худ хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ аз хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба куллӣ фарқ мекунанд, ки дар доираи як қонун муқаррар намудани онҳо мураккаб мегардад.
Дар баробари ин, дар низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ як намудани хизмати давлатӣ мавҷуд мебошад, ки онро “хизмати дипломатӣ” меноманд.
Дар баробари он, қонунгузории зикргардида масъалаҳои ба хизмати давлатӣ алоқамандро танзим менамоянд, хизматчиёни давлатии мо дар раванди баамалбарории фаъолияти аз қонунгузории дигар низ истифода менамоянд.
Ин санадҳои меъёрӣ гарчанде асоси ташкилии хизмати давлатӣ ба ҳисоб нараванд ҳам, вале асоси баамалбарории хизмати давлатӣ маҳсуб меёбанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҶТ” 30 майи соли 2017, № 1414. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
Хониши идоравӣ бо саволу ҷавоб аз ҷониби иштироккунандагон ба анҷом расид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират