Санаи 19 майи соли 2026, дар Хадамоти муҳоҷират хониши идоравӣ дар мавзуи “Танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ” бо иштироки директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатмадорӣ Маҳмадбекзода Моёншо баргузор гардид.
Дар хониши идоравии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Хадамот иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шаримфзода Маҳмадсалим Пир, оғоз намуда, баъдан суханро ба директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, доктори илмҳои сиёсатмадорӣ Маҳмадбекзода Моёншо дода, он кас муфассал дар бораи “Танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ” сухан гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки муҳоҷирати аҳолӣ раванди доимӣ буда, дар ду самт амалӣ карда мешавад – дохилӣ ва берунӣ. Аз ин хотир, чунин раванд дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба амал меояд ва фарқият танҳо дар ҳаҷми ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ мебошад.
Ба гуфтаи устод, дар ҷаҳони имрӯза кишваре вуҷуд надорад, ки ба ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ дучор нашуда бошад ва ин ақидаро инкор кардан имконнопазир аст. Яке аз омилҳои муҳими иҷтимоӣ ин омили демографӣ буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани суръати нисбатан баланди афзоиши табии аҳолӣ (беш аз 2%) хос аст, ки ба мушкилии фаровонии захираҳои меҳнатӣ, шиддатнокии ҷараёни муҳоҷирати ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ таъсир мерасонад.
Гуфта шуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 иқдомоти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ барои Тоҷикистон ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.
Страгеияи мазкур дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати экологӣ, гуразегон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомотҳои Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониториинг ва арзёбии Стратегия ва ғайраҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд дар доираи ин Стратегия амалӣ шаванд.
Дар хониши идоравӣ гуфта шуд, ки тақвият бахшидани раванди муташаккилона сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Айни ҳол ба 13 Давлат муҳоҷирони меҳнатӣ муташаккилона сафарбар мегарданд.
Бояд гуфт, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мақсад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Дар фарҷом ба саволҳои иштиркодорон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
