Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон онро тақозо мекунад, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ эътибори махсус диҳем. Аз ин рӯ, бояд ҷавононро ба корҳои манфиатнок ҷалб намоему дар тарбияи онҳо аз усули пешқадами замон истифода барем.
Ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад.
Тавре маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо мекашад.
Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои тундгаро ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли навраси миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба ватани мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ дошта эътимоди комил дошта бошем.
Барои ин кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки вақти фориғи ҷавонону наврасон ба корҳои беҳуда, аз ҷумла машғул шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ нагузашта, балки онон ба мутолиаи китоб, машғул гаштан ба варзиш, омӯхтани технологияи замонавӣ ҷалб карда шаванд.
Ба насли ояндасози кишвар бояд ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ фаҳмонда дода шавад, то ки онҳо дар интихоби роҳи худ дар зиндагӣ роҳгум назананд. Маҳз наврасону ҷавонон нерӯи тавонои кишваранд, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе