Роҷеъ ба падидаи номатлуб хурофоту хурофотпарастӣ қайд кардан зарур аст, ки хурофот ин ақида ва фикрҳои пучу беасос аст.
Андешаи хурофотӣ – яъне доштани андеша, ақида ва фикрҳои пучу беасос, ки ба дигарон ва муҳити атроф таъсири худро мерасонад ва ин зуҳурот, ки аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш сарчашма мегирад, дар аксар маврид боиси бадбахтиҳое дар ҷомеаҳои гуногун гардидааст.
Яке аз омилҳои асосие, ки имрӯз инсонҳоро ба гуноҳу ситам мерасонад, ин ақидаи хурофотӣ ва ифротӣ аст.
Ифротгароӣ ҳолатест, ки як инсон динро дуруст нафаҳмида, ба ҷои он хурофот ва ақидаҳои тангу торикро пайравӣ мекунад.
Ифротгароӣ ба маънои аз ҳад гузаштан, сахтгирӣ кардан, дигаронро таҳаммул накардан ва кур-кӯрона пайравӣ кардани инсон аз дин аст.
Ақидаи ифротӣ ба дараҷае хатарнок аст, ки оқибат ба ҷангҳои динию мазҳабӣ, зарарҳои азими молию ҷонӣ ва вайрон шудани кишварҳо, оварда мерасонад.
Дар даврони рушди устувор яке аз рисолатҳои бисёр муҳим ин ҳифзи ҳамаҷонибаи давлати миллии мо мебошад.
Унсурҳои гуногун дар мисоли ҳурофотпарастӣ ва дар заминаи он ифротгароиву терроризм ҳамеша ба дастоварду оромии ҷомеаи мо таҳдид мекунад.
Мо бояд фаромуш накунем, ки хушбахтии оила, ободии оила, ояндаи фарзандон, зиндагии хуби мо ин аз сатҳи донишу маърифатнокии мо вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат, хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад, пеши роҳи рушди устувор ва гулгулшукуфии ватани азизамонро мегирад.
Барои мо миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангӣ тоҷик дар ин шабу рӯз дар давроне, ки рушди бемайлони илму технологияҳои нав боло рафта истодааст, руй овардан ба хурофотпарастӣ мояи нанг аст.
Чихеле ки мегӯянд «Хурофот ҷаҳолат аст» Мубориза бо ин зуҳурот танҳо кори давлату ҳукумат нест.
То агар мо хатари ин вабои асрро дуруст дарк накунем, аз хурофот, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, бесаводӣ ва ноогоҳи аз илму дастовардҳои замони муосир раҳо нашавем, фарзандони худро барои донишомӯзӣ, забономӯзӣ равона накунем, ҳаргиз ба саодоати рӯзгори хеш муваффақ намегардем.
Насли калонсол огоҳанд, ки чунин намунаи хурофотро мо дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар фаъолиятҳои тахрибкоронаи роҳбарону пайравони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом шоҳид будем.
Ҳамин шеваи фаъолияти хурофотгароиро имрӯз низ наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Аз ин нигоҳ, мо бояд дар шинохти фаъолиятҳои хурофотии пайравони ҳизби ботили наҳзати исломӣ хеле зираку ҳушёр бошем.
Бетарафӣ бешарафист!
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин қайд карданд:
Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад.
Чӣ гуна бадбахтиҳо овард он ҷанг.
Чӣ қадар одамон қурбон шуданд.
Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд”.
Ҳар қавму миллате, ки дар он ҷаҳолате дар мисоли ҳурофотпарастӣ густариш ёфт, он миллат ба саодати комил намерасад.
Ҳамин нуқтаро бояд ҳамеша дар зеҳнамон нигаҳ дорем, ки бегонапарастӣ дар заминаи хурофотҳо моро ба роҳи хуб намебарад.
Имрӯз мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла хурофоту ифротгароӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлати моро ташкил медиҳад.
Иштирок дар татбиқи ҳамин сиёсат, яъне мубориза бо хурофоту андешаи хурофотӣ бояд кори ҳаррӯзаи мо бошад.
Зеро бо ин роҳ мо ҳам фарҳанги миллӣ ва ҳам арзишҳои динию мазҳабии худро аз ҳар гуна олудагӣ эмин нигоҳ медорем.
Имрӯз дӯст доштани Ватан ва хизмат ба Ватан фаротар аз як мафҳум аст.
Ҳар нафаре, ки таҳдиду хатари Ватанашро дарк мекунаду бо он мубориза мебарад, ё ба хизмати Ватан меравад, ӯ барои ҳифзи нангу номуси худаш, барои хушбахтӣ ва ҳаёти осудаи падару модараш, барои мубориза бо душманони давлату миллаташ ва барои исботи ҷавонмардии худаш даст ба кор шудааст.
Инчунин ҳар нафаре, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ сафар мекунад, хоҳ ба хотири ризқу рӯзӣ, хоҳ кори дигар, вай худро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Ҳар як нафар намояндаи ин миллати барӯманд аст.
Аз ин хотир, ба фарзандони худ насиҳат бояд кард, ки то ба ақидаҳои гумроҳонаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва дигар ҷинояткорон дода нашаванд ва ҳангоми дучор шудан ба чунин ҳолатҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар хориҷа ҳамкорӣ намоянд.
Зеро гурӯҳҳои ҷинояткор барои манфиатҳои худ ба ҳар кори пасте қодир ҳастанд.
Алимардонов Ф,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён