Дар замони муосир, ки зинаи тараққиёт мебошад, олами мавҷуда дучори ҳазорон зуҳуроти ғайримуқаррарӣ мегардад.
Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идоракунии давлат бар ин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар мезаданд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд.
Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд зуҳуроту падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли ратсизм, шовинизм, генотсид, сеанизм, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷӯ ва саркӯбсози душман эълон медоранд.
Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро соҳиб аст.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарории мақсадҳои худ ва тарзу усули истифодаи муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афзори даҳшатзо ва тарсафкан миёни одамон мебошад.
Инчунин, он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зӯрӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ давлат ва низоми идоракунӣ буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои мухталифи тарҳрезишуда равона гардидааст.
Ҳадаф аз ин корҳои бераҳмона расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обруйи давлатҳо, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷурӣ ворид намудан дар корҳои дипломатӣ миёни давлатҳо мебошад.
Мусаллам аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли комили сиёсии кишвар, давлати мо низ бо иқдоми инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии мубориза алайҳи терроризму экстермизм чораҳои заруриро андешида, дар ин самт тӯли чандин солҳо тадбирҳои назарраси худро равона кардааст.
Яке аз паҳлӯҳои чунин тадбирҳо ин қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таҷрибаи ҷаҳонидошта мебошад, ки бо мақсади асоснок кардани мубориза муқобили терроризму экстеремизм мебошад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёда аз 30 сол дар самти ин падидаи номатлуб равона гардидааст ва то ин давра самараи назаррас додааст.
Аз қабили чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (16-уми ноябри соли1999) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстермизм” (21-уми ноябри соли 2003) мебошанд, ки то ҳол амал карда истодаанд.
Инчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстермизм барои солҳои 2006-2010” , “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстермизм”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” (ноябри соли 2016), “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” (1-июни соли 2021, №187) , Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016, №240 “Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳояшон дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2015, №646 “Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд” қабул шудаанд.
Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки қабули чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз бо саъю талош ва тадбирҳои дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Ин ташаббусҳои Сарвари давлат барои амнияту осоиштагии мардум ва нигоҳ доштани кишвар дар як фазои орому осуда хизмати бесобиқа ба шумор меравад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони имрӯза, ки “ҷаҳони иттилоот” ном гирифтааст ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукмфармо мебошад, баъзе аз ҷавонони мо аз истифода бурда натавонистани фарҳанги сомонаҳо ва надониста ба гурӯҳҳои дорои характери террористӣ шомил мешаванд. Онҳо ҳатто намедонанд чӣ амалро иҷро доранд ва аз кардаи худ бехабаранд.
Инчунин, шахсоне ҳастанд, ки пас аз шомил шудан ба чунин гуруҳҳо ва бохабар шудан аз кирдорҳои номатлубашон пушаймон мешаванд. Дар ин асно, кишвари мо барои шахсони аз кирдори худ пушаймоншудаву фирефташуда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои баргашт ба зиндагии муқаррариро додааст, ки дар эзоҳи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “ Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад…”.
Эзоҳи чунин аснод як роҳи самарабахш барои кишвари маҳбубамон дар роҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин пешгирии амалҳои номатлуби замон ба шумор меравад.
Оқилӣ Камол Толибзода – директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд