Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980–1037), ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ ва ҷаҳон мебошад. Вай дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, астрономия ва адабиёт саҳми беназир гузоштааст. Гарчанде ки Абӯалӣ ибни Сино бештар ҳамчун табиб ва файласуф машҳур аст, фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ (ҳуқуқшинос) ва асосгузори меъёрҳои ҳуқуқи тиббӣ низ дар таърих сабт шудааст.
Абӯалӣ ибни Сино дар давраи Сомониён (асри X–XI) дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ, олими исмоилӣ ва мансабдори дарбори Сомониён, барои таълиму тарбияи фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварда буд. Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони барҷастаи замон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Нотилӣ ва Исмоили Зоҳид, илмҳои мантиқ, фалсафа ва фиқҳро омӯхт. Дар синни 14-солагӣ ӯ аз муаллимони худ пеш гузашт ва дар 17- солагӣ чун олими баркамол шуҳрат ёфт.
Баъдан ӯ ба дарбори шоҳ даъват гардида, пас аз табобати шоҳ, иҷозаи такмили дониш ва дастрасӣ ба бузургтарин китобхонаи дарборро пайдо намуд. Баъдан Ибни Сино дар ҳолномаи худ навишта буд: “Ман дар ин китобхона китобҳое пайдо намудам, ки дигар дар тамоми умр ҳаргиз надидаму нахондам. Бо хондани онҳо ҷою мартабаи ҳар як олим дар риштаи худ бароям равшан шуд. Дар пешорӯи ман дари донишҳое боз шуд, ки ҳаргиз интизорашро надоштам”. Бисёре аз шоҳигариҳои давр талош мекарданд, ки ин табиб ва олими муъҷизакорро ба дарбори хеш даъват намуда, бо ҳар васила пеши худ нигоҳ доранд. Китоби фалсафии “Таҳқиқи қувваи равони”-ро Ибни Сино дар синни 17 солагӣ таълиф намуда, китоби “Ал- маҷмуъ”-ро, ки маҷмуи андешаҳои балоғату фасоҳат, шеър ва дигар илмҳоро дар бар мегирад, дар 21 солагӣ эҷод кардааст. Дар соли 1005 Ибни Сино ба Хоразм кӯч мекунад, ки он ҷо бо риёзидон ва нуҷумшиноси маъруф Ал-Берунӣ ва дигар аз олимони давр ошно мешавад. Ҳамин ҷо ӯ узви маҳфили фарҳангии машҳур ба исми Маъмуна мегардад, ки баъдан барои шиносоӣ пайдо намуданаш бо дигар олимони давр мусоидат мекунад. Пас аз 7 сол ӯ ба Ҷурҷон, сипас ба Хуросону Эрон сафар менамояд. Таълифи китоби бисёрҷилдаи “Қонун”, ки ба илми тиб бахшида шудааст, дар Ҷурҷон сарчашма мегирад. Дар Ҳамадон Ибни Сино ба ҳайси вазир интихоб мешавад, аммо бо туҳмате чанд сол зиндонӣ мегардад. Ҳамон ҷо низ ӯ чанд китоб таълиф мекунад. Аз соли 1024 Ибни Сино ба Исфаҳон омада, он ҷо муқимӣ мешавад. Бино ба гузоришҳои таърихӣ, ҳокими давр Алоуддин тамоми васоилро барои эҷоди корҳои илмӣ барояш замина месозад. Аммо Ибни Сино солҳои охири умрашро дар Ҳамадон мегузаронад ва 24 июни соли 1037 ҳамин ҷо аз олам мегузарад. Имрӯз дар мақбараи Ибни Сино воқеъ дар Ҳамадон бурҷ бо дувоздаҳ кунгура, ки нишони бархурдории ӯ аз дувоздаҳ илм аст, гузошта шудааст.
Барои гиромидошти олим, файласуф ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино яке аз ноҳияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ӯ номгузорӣ карда шуданд. Акси Ибни Сино дар асъори миллии кишвар инъикос ёфтааст ва номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта ва пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтанд, ки нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин фарзанди фарзонаи миллат аст.
Файзализода Сафаралӣ,
сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

