Ҳамарӯза кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки азми сафар доранд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” идома дода истодаанд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо шаҳрвандон пеш аз ҳама бо ҷоий кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирӣ ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, арзёби мегардад. Аз ҷумла, шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар бо музди меҳнатӣ мувофиқ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки айни замон ширкатҳои зиёди Федератсияи Россия омодаанд шаҳрвандони моро бо тарзи муташакилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнати арзанда ва ҷойи хобро ба уҳда мегиранд. Хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

