Тибқи нақшаи тасдиқшуда кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Прокуратураи нақлиёти вилоят ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, суҳбату вохӯриҳо идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ кормандони марказ доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Инчунин, зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

