Кормандони масъули МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Прокуратураи нақлиёти вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия барои муҳоҷирати меҳнатӣ равонаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ кормандони маркази машваратӣ оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла қайд карданд, ки яке аз сабабҳои асосие, ки шаҳрванди хориҷиро воридашро ба Федератсияи Россия манъ менамоянд, ин риоя накардани талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия мебошад. Дар ин замина, хотиррасон менамоем, ки баъди баровардани қарор нисбат ба ин масъала маълумот саривақт дар маъхазҳои иттилоотии мақомотҳои кишвари иқомат маълумот ворид карда мешавад, ки ин барои ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ба кишвари иқомат дар сарҳади давлатӣ мушкилии гузаштан аз сарҳади давлатӣ пеш меояд.
Хотиррасон менамоем, ки барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия воридшавиашон маҳуд мебошад, онҳо наметавонанд иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.
Баъди ворид намудани тағийрот дар қонунгузории Федератсияи Россия Раёсатҳои ВКД-и ҳудудӣ метавонад дар бораи манъи вуруди шаҳрванди хориҷӣ қарор қабул намояд. Дар ин замина руйхати асосҳое, ки Раёсати ВКД дар ҳудуди худ нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарор қабул менамояд замима менамоем. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ дар бораи худ ё дар бораи мақсади будубоши худ дар Россия маълумоти бардуруғ пешниҳод намуда бошад; шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 3 сол барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ба такрор ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад; ин барои таъмини ҳифзи мудофиавӣ ё амнияти давлат, ҳифзи саломатии аҳолӣ зарур бошад; нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарори ихроҷи маъмурӣ ё депортатсия шуда бошад ё истирдод аз ҷониби Россия ба давлати хориҷӣ мувофиқи шартномаи байналмилалӣ, ки Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия қабул карда бошад; шаҳрванди хориҷӣ судшуда барои содир намудани ҷинояти қасднок дар қаламрави Федератсияи Россия ё берун аз он анҷом дода бошад; нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарори мамнуъвуруди будубош (истиқомат) дар Федератсияи Россия қабул шуда бошад; шаҳрванди хориҷӣ дар давраи будубоши қаблии худ дар Федератсияи Россия аз пардохти андоз ё ҷаримаи маъмурӣ саркашӣ карда бошад; шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 1 сол такроран ба ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ба дағалона вайрон намудани тартибот, хатар ба амнияти ҷамъиятӣ ё ба вайрон намудани реҷаи будубош (истиқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ё тартиби анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия алоқаманд аст, кашида шуда бошад; шаҳрванди хориҷӣ дар дафъаи қаблӣ муҳлати будубош дар Федератсияи Россияро, ки қонун муқаррар кардааст, аз ҳад зиёд намуда бошад.
Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки агар шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Россия бошад ва нисбати ӯ қарор дар бораи манъи вуруд ба Федератсияи Россия қабул шуда бошад, ӯ вазифадор аст, ки фавран кишвари иқоматро тарк намояд. Иҷро накардани талаботи қонунгузории мазкур ба мамнулъвуруд (депортатсияи маҷбурӣ) оварда мерасонад, ки муҳлати ин 3, 5 ё 10 сол аз рӯзи берун шудан аз Федератсияи Россия баста мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин манъ метавонад умрбод нисбати шаҳрванд татбиқ карда шавад. Барои ба ин ҳолат гирифтор нашудан, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, талаботҳои қонунии минтақаи ҷойи зисти худро омухта, онро амалӣ намоед.
Дар ин замина, ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки барои гирифтани машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

