• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Идомаи мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав

Migration Service by Migration Service
29.04.2025
in Uncategorized, Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, ки дар он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, дар Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав бо сокинон мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, масъалаҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, роҳ надодан ба хурофот, истифодаи босамари нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, муҳоҷирати бехатар, танзими раванди муҳоҷират, суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар ин росто, адо намудани қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандӣ – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу ори Ватан маҳсуб меёбад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола ҷавонони содиқу созандаи кишвар бо амри дилу виҷдон ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин ҳама самараи истиқлолу озодӣ ва дастгириву таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар рафти мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари пазиранда муваққатан зиндагӣ доранд, тавсия медиҳад, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Федератсияи Россия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.

Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.

Бояд қайд кард, ки номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кӯдак сурат мегирад. Ё ин ки дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари ин, кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Федератсияи Россия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.

Дар ҳолати зиёда аз 90 шабонарӯз зиёд дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрванди хориҷии ноболиғ, волидайн дар асосҳои зерин метавонад, муҳлати будубоши шаҳрванди ноболиғро дароз намояд:

– Дар асоси муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва ё иҷозати фаъолияти меҳнатӣ барои кадрҳои баландихтисос;

– Дар асоси ҳуҷҷати волидайн – иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозати зист(РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии ФР;

– Донишҷӯ будани волидайни кӯдаки ноболиғ дар кишвари иқомат.

Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.

Дар фарҷом ба ҳозирин варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Бетараф набошем, ки коррупсия кушандаи тараққиёт аст

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Истаравшан

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Истаравшан

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.