Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ки дар он бахши Хадамоти муҳоҷират низ шомил аст дар муассисаҳои таълимии №8 ва 55 –и ноҳия бо волидон ва хаткунандагон, инчунин оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова баромад намуда, дар бораи вазъи имрӯзаи муҳоҷират, аз ҷумла, қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, донистани забон ва қонуну қоидаҳои давлати муҳоҷирпазир, ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ намудани муҳоҷирон дар доираи иҷроиши қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷа, доштани касби муносиб, гирифтани патент, инчунин, риояи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷиронӣ меҳнатӣ бурдани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, суханронӣ намуд.
Чанд сухан дар бораи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву – террористӣ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки донистани забони давлатҳои дигар чи дар дохили ҷумҳурӣ ва дар хориҷи мамлакат зарур мебошад, надонистани забони давлати муҳоҷирпазир боиси саргардонии шаҳрвандони мо мегардад. Оиди ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, дар ширкатҳои сохтмонии Неругоҳи барқии обии Роғун пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

