Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати паст намудани муҳоҷират дар байни занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Кормандони шуъба доир ба ворид намудани тағйирот ба базе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша карданд.
Қайд гардид, ки муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, да маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.
Инчунин, муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия омадаанд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст.
Қайд намуданд, ки як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки Патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд. Огоҳинома аз ҷумла сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрванди – ҳуқуқӣ бо шахсӣ воқеи, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ басташуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба сокинон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд