Мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик хуб дар ёд дорад, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои тундраву ҷудоихоҳи дохилию хориҷӣ зери шиору овезаҳои махсус таҳти таъсири фармони бегонагон қарор гирифта, Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба гирдоби низоъҳои дохилию мухолифатҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ намуда, оқибат мардумро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ олуда сохтанд.
Бемуҳобот ва шакку тардид метавон гуфт, ки чунин муносибат эҳтимол дошт хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон Тоҷикистони азиз низ гардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як ҷангу хунрезӣ ва саҳлангории ҷомеа ба худ оқибатҳои манфӣ ва мусибату зарарҳои сангине низ ба худ дорад.
Ҷанги шаҳрвандӣ низ натиҷаи чунин камназарию манфиатхоҳии гурӯҳҳое буд, ки талафоту зиёнҳои зиёде ба бор овард.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар ин ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз бештар аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо манзилҳои истиқоматӣ вайрону валангор ва беш аз 1,5 миллион аҳоли ҷойи зисти худро тарк намуда, ба дигар кишварҳо, аз ҷумла: Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳои Аврупо муҳоҷир шуда, шаҳди талхи ҷудоӣ аз Ватан ва наздикони худро кашиданд.
Дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид гардид.
Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик ин хатои бо дасти аҳримансифатони миллату давлати худро зуд фаҳмида, дар муҳлати кӯтоҳтарин Истиқлолияти ҷавони худро бо бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зери шиори “Ваҳдати миллӣ” миллати тоҷиконро сарҷамъ кард, ки чунин амали дурандешона зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати амн ва макони сулҳу амният табдил диҳад.
Бешак метавон гуфт, ки аксар сохтору ниҳодҳои давлатии мо зери ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро аз сифр оғоз карданд ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу амнияти кишвари худ номҳои устувори худро гузошта истодааст.
Он аҳримансифатони миллату давлати тоҷик, ки имону виҷдони худро бо ду пул фурӯхта буданд, аз фурсат истифода карда, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.
Ин душманону хоинони миллати тоҷик бо роҳӣ зӯрӣ силоҳу аслиҳаҳои техникию ҷангӣ гирифта, бо ҳамин роҳ, яъне маҷбуран ба қатлу куштори ашхоси соҳибкасб, олимону ходимони давлатӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳамзамон ба таври таҳмилӣ иҷборан бор кардани фарҳанги бегона ба сари мардуми тоҷик ва кӯшиши низоми исломи кардани шакли идоракуни ватани азизамонро доштанд.
Дар чунин шароити ниҳоят вазнин мардуми мо тавонист сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро ба даст оварда, онҳоро мустаҳкам намояд.
Ҳангоми ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амали Пешвои тоҷикони ҷаҳон ва Тоҷикистонро хамчун давлати намунавӣ шинохт ва имрӯз он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхта шуда истодааст.
Истиқлолияти давлатӣ чароғи рӯзгор ва ободии Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Истиқлол мафҳуми муқаддас ва беназир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тамоми сокинони сайёра аҳамияти хосса касб кардааст.
Истиқлолиятро бо маънои томаш метавон якдилӣ, саодат, бахту иқбол, дӯстӣ, шодию фараҳ ва иқболу музаффарияти халқи тоҷик номид.
Имрӯз метавон бо ифтихор изҳор намуд, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон ба даст оварда шуд.
Ман ба ҳайси як корманди масъули Хадамоти муҳоҷират аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми сарбаланду баномуси миллати тоҷикро ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, дар хонадони ҳар якеи онҳо бахту иқболи баланд ва дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу осоиштагӣ ва амнияти ҳамешагиро орзу менамоям.
Бори дигар Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён муборакбод менамоем!
Умаров Фирдавс,
корманди масъули Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират