9 — уми сентябри соли 1991 дар Ичлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати даҳум Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Ҳамакнун аз ин санаи муҳимми таърихӣ 35 сол сипарӣ гардид.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо ба талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст. Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ахлоқии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдӣ Шерозӣ, Низомиву Умари Хайём, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Ҷомӣ барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш гирифта, ба тадриҷ кишварамонро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ табдил диҳем. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Мардуми Тоҷикистон дар давоми сиву панҷ соли истиқлолият бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуданд; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаанд.
Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар тӯли 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Зиёда аз 100 кишвари дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлоли давлатӣ ва афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил мебошад, зеро дар айни замон дар ҷаҳон миллату халқиятҳое, амсоли курдҳо ҳастанд, ки аз рӯи шумора хеле зиёданд, вале соҳиби давлат нестанд ва ё институти муттаҳидкунандаи худро надоранд.
Бе истиқлолияти комил, бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад. Ба ин хотир аз сокинони ҷумҳурӣ, махсусан ҷавонон хоҳиш манамоем, ки сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянду аз душманону бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҳифзаш намоянд.
Хайридинзода Исфандиёр, Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

