Бояд гуфт, ки давлату давлатдорӣ, як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудиятӣ рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Ҳамин аст, ки Истиқлоли давлатӣ, на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлатӣ тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷикон бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.
Роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад, вале лозим ба ёдоварист, ки Истиқлолият барои тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳматҳои самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд. Ҷойи ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактабӣ нодирӣ сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст. Дар ин замина Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устуворӣ сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шудаанд.
Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият хушбухтона дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои бузур ноил гардидем, ки ин худ дастоварди бузург аст. Бояд ин нуқтаро таъкид намоям, ки як миллате ҳазорсолаҳо тамаддун, фарҳанг ва ҳазорсолаҳо адабиёт дошт, як миллате, ки нигоҳи илмияш фарогири ҷаҳон буд, аммо Истиқлолият надошт, дар миқиёси минтақа ва ҷаҳон касе аз он ёд намекард, касе дар шинохти ин миллати тоҷик тасаввуроти амиқе надошт. Аз нигоҳи дигар мо дар миқёси байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ ё мавқеъ надоштем. Он чизе, ки имрӯз миллати тоҷикро муаарифӣ кард, ин соҳиб шудани ин миллат ба Истиқлоли сиёсӣ буд. Ин миллатро, ки дар ҳудуде, бо ном Тоҷикистон аст, зери сиёсати хирадмандона ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеъ, нуфӯз ва ҳарфи худро пайдо намуд.
Истиқлолият барои мо армуғон ва дастоварди бузургест, ки болотар аз ҳама гуна сарвати дигар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар шуда наметавонад. Ин неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию иззат ва давлатро афзунию шуҳрат медиҳад. Мо ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидору бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин, бояд аз файзи Истиқлолият бештар баҳра гирем, ба қадри соҳибистиқлолӣ бирасем ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоят намоем. Зеро Истиқлолият бародарию баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад. Ҳифзи давлатдории миллӣ ва тамомияту суботу амнияти он, вазифаи ҷонии мост. Ба ибораи дигар, ҳифзи истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил медиҳад. Инчунин, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯӣ Ватани маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ҷавонон ба шумор мераванд.
Шурӯъ аз оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҷиҳати ташаккули шахсияти ҷавонон ва табдил додани онҳо ба як нерӯи бузургу ояндасози миллӣ, зери сиёсати ояндасозу бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои созанда андешида шуда, имкониятҳои бузурги инкишофёбӣ, омӯхтани техникаву технологияи муосир, касбу ҳунар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои онҳо муҳайё гардидааст. Ҷавононро зарур аст, моҳияти воқеии ин ҳама шароитҳои созгорро дарк намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо беш аз пеш талош намоянд, дастовардҳои бузурги илмиву донишӣ, техникаву технологӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву варзиширо соҳиб гардида дар ташаккули умумимиллӣ ҳамчун нерӯи аз ин ҳам беҳтар мавриди эътимоду боварӣ ва ояндасози ин миллату ин меҳан, ки ном Тоҷикистон аст, инкишоф ёбанд.
Розиқов Мулосамеъ,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ