Истиқлоли давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.
Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ҳамон сол мустақилияти Тоҷикистонро як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф карданд, ки дар ин миён Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз аввалинҳо буданд. Ҳамин тавр давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба арсаи вуҷуд аввалин гомҳои худро гузошт. Мутаассифона, аз ин санаи таърихӣ чанде нагузашта дар кишвар бесарусомониҳо сар заданд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт ва масъалаи буду набуди давлати тоҷикон дар тарозуи таърих меистод.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Ҳарчанд баъди ҳазор сол таърих барои тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати мустақил дошта бошад, дар он рӯзҳо аз тарафи бадхоҳон боз нақшаҳои тақсими ин давлат ба миён омада буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, доир ба иҷрои он қадам низ гузошта буданд.
Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавӣ ва ҷиддии Сарвари тозаинтихоби давлат ин хатар дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ бартараф гардид, низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ барқарор гашт, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосӣ аз нав эҳё, Истиқлоли давлатӣ ҳифз, ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд ва ин яке аз дастовардҳоест, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон абадан сабт намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии худ қадам мегузорад. Дар ин муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ Тоҷикистон роҳи басе мураккаб ва вазъи ҳассосеро сипарӣ намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Пешвои миллати худ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиву панҷ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат таъмини амнияту пойдории истиқлолият, сулҳу субот ва инкишофи давлату миллат буда, роҳ ба сӯи ҷомеаи мутамаддин аст.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

