«Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон
6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Имрӯз бо бовари гуфта метавонем, ки Коснтитутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, чун ифодагари армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ муайян намудааст.
Тӯли бисту нуҳ соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.
Бино ба гуфти сиёсатшиносон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Бо қабули он дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Он дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон, рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олии он эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия – таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Конститутсия тақозои онро дорад, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Ҳамчунин, аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа раҳнамун месозад. Дар қонуни асосӣ возеҳу равшан ҳуқуқҳои инсон ифода ёфтааст. Ҳар ҳарфе, ки дар он ба назар мерасад, нерӯи рӯзафзуни халқи тоҷик ва халқҳои дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сарбарандаро меафзояд ва имрӯз онҳо бо сарварии Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободиву созандаги раҳсипор ҳастанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, дарҷ гардидааст, ки пайравӣ аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳитарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».
Дар давоми бисту нуҳ сол халқи куҳанбунёди Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия пеш бурда, ба воситаи ин санади воқеан воло ба бисёр комиёбиҳои беназир ноил гаштаем.
Бигзор, Конститутсияи кишвари маҳбуби мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқӣ, дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сарчашмаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти дар ноҳияи Варзоб