Сиву ду сол муқаддам 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар бо майлу иродаи худ доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити имрӯза, бояд дорои Конститутсия бошад. Имрӯз Конститутсия қонуни асосии ҳар давлати муосири мутамаддин гаштааст. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Зеро дар Конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти он инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёрҳо ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб мебошад.
Чи тавре, ки дар яке аз паёмҳояшон Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳитарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад”.
Чи хеле, ки маълум аст, Конститутсия санади расмии дорои аҳамияти бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад ва дар он масъалаҳои муҳими рушди ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии аҳолӣ инъикос ёфтааст. Қонуни асосӣ асосан принсипҳо, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд.
Нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян карда, самтҳои рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки тӯли таърихи ҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, ҷаҳду талошҳои фарзандони фарзонаву хирадманди ин халқро дар роҳи расидан ба мартабаи соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.
Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд, ки “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эътиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем”.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳо ва талаботҳои Конститутсия, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Далери Ибодзод,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

