Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон си сол муқаддам дар кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистилол, қабул гардид.
Аз ин хотир, ҳар сол ин рӯзи воқеан таърих ва сарнавиштсоз бо доир намудани чорабиниҳои сазовор таҷлил карда мешавад.
Аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ дар он аст, ки он бори аввал аз ҷониби халқи ҷумҳурӣ бо роҳи озодонаи майлу иродаи ҳар як шаҳрванди мамлакат қабул шудааст.
6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Барпо намудани чунин давлат, эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Тибқи Конститутсияи кишвар мардуми тоҷик худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқӣ башар эълон доштааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст.
Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирўзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ бараъло мушоҳида гардида, зина ба зина дар устувор гардидани принсипҳои миллии давлатдории навини тоҷикон, яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан, пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд.
Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.
Ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони мутахассисону коршиносон барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд.
Аз ин сабаб бо вуҷуди дар давраи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзои гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътирофу ворид гашт.
Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯй ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.
Бояд ёдовар шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, ки ин ҳам бошад 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумхалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Тағйиру иловаҳои воридшуда бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат нигаронида шудаанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус дода истодааст.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.
Ҷалилов Фирдавс,
Мутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират