Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии кишвар мебошад, ки пояи давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва демократиро муаян менамояд. Он 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, баъдан бо тағйироту иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфт. Қабули Конститутсия ба марҳилаи нави ҳаёти сиёсию ҳуқуқии давлати тоҷикон оғоз бахшид, зеро он пояи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро гузошт. Дар ҳар як давлат Конститутсия мисли оинаи ҳаёти сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ аст. Барои тоҷикон бошад, ин санад таҷассуми орзую ниятҳои ҳазорсолаи мардум дар бораи соҳибдавлатӣ ва адолат мебошад.
Конститутсия худ чист? Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимяти давлатиро муайян мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он муставиман амал мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – олитарин шакли ҳуқуқӣ, ки дар он расман сарвати қиматбаҳо, институтҳо ва арзиши сохти конститутсионии Тоҷикистон асосҳои давлатӣ – ҳуқуқии идоракунии сифатнокии ҷамъиятҳои алоқа ва муносибатҳо, баробарии асоси сохти ҷаъмиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли идоракунӣ ва тақсимоти маъмурию ҳудудӣ, асосҳои ташкили мақоми марказӣ ва маҳалии ҳокимият, салоҳият ва муносибатҳои онҳо мустаҳкам шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр муносибатҳои хешро дар асоси сиёсати сулҳҷуёна дар амал татбиқ менамояд ва соҳибихтиёрию истиқлолияти дигар давлатҳоро эътироф менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин ҷашни фархунда ба тамоми мардуми шарифи тоҷик саломативу сарбаландӣ ва комёбиву саодати ҳамешагиро орузу менамоям.
Саидов С,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

