Тибқи нақша бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Деҳманора Ҷамоати деҳоти Лангар, бо сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи бахши Хадамот ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ суханронӣ намуда таъкид кард, ки яке аз роҳҳои таъмини амнияти ҳар кишвар пешгирӣ ва коҳиши терроризм, муборизаи оштинопазир бо ин раванди номатлуби ҷаҳон аст.
Яке аз воситаҳои таъсир ва мағзшуии ҷавонон тавассути созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ин телефонҳои ҳамроҳ мебошанд.
Телефонҳо аз тариқи интернет бо шабакаҳои иҷтимоии гуногун пайваст мебошанд, ки зери назар гирифтани ин шабакаҳо усулан имконнопазир аст.
Бинобар ин падару модарон, аҳли ҷомеа ва атрофиён дар ин зимн бояд бетараф набошанд ва ҳангоми мушоҳидаи тағйири ҳолати руҳӣ ва равонии ҷавонон бояд барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолатҳо талош намоянд.
Бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар мубориза бо ҳама гуна амалҳои террористӣ устувор бояд буд, зеро расидан ба тавофуқи муассир дар ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти муштараки шаҳрвандон ва ниҳодҳои қудратии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд