Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Гулхона маҳаллаи №2 деҳаи Алиназаров бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот бо сокинони ҷамоат, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба сокинон, ҷиҳати пешгирии амалҳои хусусияти ифротгароидошта, касалиҳои сироятӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, кам намудани шиддати муҳоҷирати дар байни занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва тарғиботи ҳунармандӣ миёни занҳо ва машғул будан ба дилхоҳ намуди корҳои ҳунармандӣ, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва риояи қонуни соҳаи танзим суханронӣ карда шуд.
Қайд карда шуд, ки дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия, чунин чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда мешавад
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд