Тибқи нақша – чорабинии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия якҷоя бо МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия тариқи нақлиёти мусофирбар сафар менамоянд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ ҳамчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хизматӣ ва дипломатӣ ба роҳ монда мешавад.
Агар шумо ба Россия бо кӯдакони ноболиғ меравед, онҳо бояд дар шиносномаи хориҷии волидайн дарҷ шуда бошанд ва шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.
Муҳим аст, агар шумо ба Россия ба мақсади кор меравед дар сутуни “Мақсади ташриф”- “Кор”-ро нишон диҳед.
Агар варақаи мазкурро худатон ҳам пур накунед, аммо онро дида боварӣ ҳосил кунед, ки мақсади ташриф дуруст нишон дода шудааст.
Агар шумо мақсади бубубоши худро дар Россия нодуруст нишон диҳед, ҳуҷҷатҳои барои ба кор даромаданро гирифта наметавонед, он гоҳ танҳо як роҳ аст, ки аз ҳудуди Россия берун баромада сарҳадро аз нав гузаред, ки ин тарзи воридшавӣ низ маҳдуд мебошад.
Дониста бошед. ки будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон) дар ҳудуди Россия 90 – рӯзро ташкил мекунад.
Агар ҳуҷҷатҳои заруриро барои ба кор даромадан гирифта наметавонед, шумо бояд дар муддати 90 – рӯз Федератсияи Россияро тарк кунед.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд