• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирон дар деҳаи Дашти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Migration Service by Migration Service
21.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирон дар деҳаи Дашти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ қарор дошта, корбарӣ намуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, чунин вохӯрии судманд дар деҳаи Дашт бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» оиди пешгири аз шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ анҷом дода шуд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки яке аз масъалаҳои мавриди нигаронии кишварҳои сайёра ва ба хусус Тоҷикистон ин густариши бесобиқаи терроризм ва экстремизм дар ду 10-солаи охир мебошад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари минтақа ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.

Аз ин лиҳоз, мо дар минтақаи геопалитикие зиндагӣ дорем, ки хеле пуртаззод аст. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, минтақа ва кишварҳои ҳамсоя ноором ва пур талотум мебошанд.

Дар ингуна фазои ноором масъулияти мову шумо ва ҳар фарди ҷомеаи имрӯза, аз он иборат аст, ки дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои-миллат аз пештара бештар ва аз пештара зичтар мутттаҳид бошем, маҳз ҳамин муттаҳидӣ моро ба сарбаландӣ ва ободӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ огоҳнома супорида, ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оғоз намудан ва идома додани корҳои сохтмонии хонаи истиқоматӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.

Инчунин, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом бо якҷоягӣ дар бозори «Ваҳдат» воқеъ дар маркази шаҳри Конибодом бо иштироки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Ф., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – Муҳиддинова М., мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – Ғиёсов Ш., сармутахассис – ҳуқуқшинос оид ба ҳуқӯқӣ кудак – Шокирова Ф., сармутахассис – мушовири шуъбаи маорифи шаҳр – Бобоҷонова М., мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ва ҷомеа – Қаҳрамонова Ф., мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – Исмоилова П., ва Маликзода П. – намоянда аз ШВКД – и шаҳр, сархатиби шаҳр – Аброрхонов А., корҳои иттилотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷомеа баргузор гардид.

Дар суҳбати мазкур оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарзи дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, омодагӣ пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар, пешгирии хуруфотпарастӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, ҷалби занҳо ба касбомӯзи, ба огоҳсозии аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбатҳо намуда, варақаҳои иттилотӣ оид ба касбомӯзӣ, пешгирии терроризму экстремизм тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Қонуни миллӣ дар таҳрири нав қабул гардид

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Ашт

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Ашт

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.