Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаҳои Валиғонд, Истошон, Деҳманори Ҷамоати деҳоти Лангар бо шаҳрвандони бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби муайян намудани мақсади ташриф дар варақаи муҳоҷиратӣ, муҳлати будубош дар қаламрави давлати номбурда, бақайдгирии муҳоҷирати дар муддати муайяншуда ва муроҷиат ба ВКД ФР оид ба муҳоҷират, тартиби супоридани имтиҳони забони русӣ ва гирифтани сертификат, тарзи гузаштан аз ташхиси духтурон, тартиби гирифтани иҷозатнома барои кор (патент) а ҳудуди амалии он ва дар ниҳоят фаъолияти меҳнатӣ намудан дар асоси шартномаи меҳнатӣ ва тарзи баимзо расонидани он бо корфармо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Инчунин, дар суҳбат корманди бахш масъалаи терроризм ва экстремизмро ташвишовар ва шомилшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба доми чунин гурӯҳҳои номатлуб нигароникунанда хонда ва дар баробари он таъкид намуд, ки дар Федератсияи Россия истифода аз интернет, мисли навиштани шарҳҳо, писандидани мавод, гузоштани лайк ва бознашру ҳамагони кардани он манъ аст.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст фарзандон, бародарон ва пайвандонамонро аз иҷрои чунин амалҳо огоҳ намоем то худдорӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

