Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотӣ дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо оид ба тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вохӯрии корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир якҷо бо корманди КИ ҲХДТ дар ноҳия, бо сокинони шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир ва ё оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷ сафар доранд, бояд пеш аз ҳама, аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда огоҳ бошанд, зеро аз сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беҳисётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ ва шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, қурбонӣ гаштани ҳуқуқи меҳнатӣ хеш.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

