Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони ба ватан баргашта ва шаҳрвандоне, ки майли фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуд.
Ҳадафи асосии корҳои фаҳмондадиҳӣ ин бо касбомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифтани шаҳрвадони баргашта ба ҳисоб меравад.
Ба шаҳрвандоне, ки майли сафар ба Федератсияи Россия доранд, фаҳмонида шуд, ки пеш аз сафар ба қаламрави Федератсяи Россия манъи воридоти худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлати гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷирати гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.
Вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд: ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия; дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷи); пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат; дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайроннамудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат ва гайраҳо.
Агар вуруди шаҳрванди хориҷи ба Федератсияи Россия манъ шуда бошад ва дар қаламрави он қарор дошта бошад, уро зарур аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин аз қаламрави Федератсияи Россия баромада равад. Дар ҳолати баромада нарафтан тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудаш ба муҳлати 3,5 ва ё 10 сол манъ карда мешавад.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, тараққи ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар охир, оиди ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодаги пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони руси, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирфтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

