Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд пеш аз сафар, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, дастурҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ бо шаҳврандон, тавсия дода шуд, ки айни замон аз сафар ба Федератсияи Россия муваққатан худдорӣ кунанд. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Россия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ тарзи гирифтани Патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон ба саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки дар хориҷи кишвар худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти ин ба ҳозирин таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед мушкилоти худро дар Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ҳамкорӣ намуда ҳал намоед.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, буклетҳои роҳнамоии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират