• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Migration Service by Migration Service
10.08.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳамарӯза кормандони масъули МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Прокуратураи нақлиёти вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия барои муҳоҷирати меҳнатӣ равонаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.

Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ кормандони маркази машваратӣ оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, расонида шуд, ки Руйхати шахсони назоратшаванда (РШН) дар низоми худкор фаъолият намуда, маълумот дар он ҳар 4 соат бо назардошти иттилооти навшуда оид ба шаҳрвандони хориҷӣ иваз мегардад.

Ба Руйхати шахсони назоратшаванда кадом маълумоти шаҳрванди хориҷӣ ворид мегардад: Муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия; Гирифтан ё тағйир ёфтани мақоми муҳоҷиратӣ;  Мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд; Қарорҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи суд, аз ҷумла ҳукмҳои айбдоркунанда, қарорҳо дар бораи ихроҷ, берункунӣ (выдворение), номатлуб эътироф намудани будубош, манъи воридшавӣ ва ё қатъ гардидани шаҳрвандӣ.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳолатҳое ба Руйхат ворид карда мешаванд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ё мақоми ҳуқуқии онҳо бекор гардида бошад.

Тартиби санҷиш дар Руйхати шахсони назоратшаванда: Шаҳрвандон метавонанд мустақилона ва ройгон, тариқи портали ВКД-и Россия (пайванд: https://мвд.рф/rkl ) санҷанд, ки оё номи онҳо дар Феҳристи шахсони назоратшаванда мавҷуд аст ё не. Барои ин зарур аст маълумоти зерин ворид карда шавад: • ному насаб (ФИО); • санаи таваллуд (рӯз, моҳ, сол); • силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият; • санаи додани ҳуҷҷат.

Аз ин лиҳоз, Маркази машваратӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки мунтазам вазъи ҳуқуқии худро назорат намуда, талаботи қонунгузории Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд, то аз ворид шудан ба Реестри шахсони назоратшаванда ва паёмадҳои ҳуқуқии он пешгирӣ карда шаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Next Post

Истиклолият неъмати бебаҳост

Next Post
Истиклолият неъмати бебаҳост

Истиклолият неъмати бебаҳост

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.