Кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандон, ки ба шаҳрҳи Екатеринбруги Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар доранд, ба самъи онҳо расонида шуд, ки яке аз сабабҳои асосие, ки шаҳрванди хориҷиро воридашро ба Федератсияи Россия манъ менамоянд, ин риоя накардани талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия мебошад. Дар ин замина, таъкид менамоем, ки баъди баровардани қарор нисбат ба ин масъала маълумот саривақт дар маъхазҳои иттилоотии мақомотҳои кишвари иқомат маълумот ворид карда мешавад, ки ин барои ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ба кишвари иқомат дар сарҳади давлатӣ мушкилии гузаштан аз сарҳади давлатӣ пеш меояд.
Хотиррасон менамоем, ки агар шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави кишвари Россия бошад ва нисбати ӯ қарор дар бораи манъи вуруд ба Федератсияи Россия қабул шуда бошад, ӯ вазифадор аст, ки фавран кишвари иқоматро тарк намояд. Иҷро накардани талаботи қонунгузории мазкур ба мамнулъвуруд (депортатсияи маҷбурӣ) оварда мерасонад, ки муҳлати ин 3, 5 ё 10 сол аз рӯзи берун шудан аз Федератсияи Россия баста мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин манъ метавонад умрбод нисбати шаҳрванд татбиқ карда шавад.
Барои ба ин ҳолат гирифтор нашудан, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, талаботҳои қонунии минтақаи ҷойи зисти худро омухта, онро амалӣ намоед.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

