• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳи бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва ноҳияи Ашт

Migration Service by Migration Service
06.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳи бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва ноҳияи Ашт
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Шодоба деҳаи Гулшан ҳангоми сафари шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути нақлиёт ба самти шаҳри Перми кишвари Россия вохӯрии самимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳорҷират дар ноҳия доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, муҳтавои Паёми Пешвои миллат, тағйироту иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, омодагӣ пеш аз сафар, инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Қайд карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир ё оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба  хориҷа сафар доранд, бояд пеш аз ҳама аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда огоҳ бошанд, зеро аз  сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ ва шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳақи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.

Инчунин, оид ба муҳлати қонунигардонии будубош ва тарзи ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки дар феҳристи назоратшавнда қарор доранд, фаҳмонида шуд.

Сипас мудири бахши Сабти асноди шаҳрвандии ноҳия Тахмина Маҳмудзода дар баромади худ, оид ба тарзи дуруст ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба он монанд маърӯза намуда, инчунин иброз дошт, ки бунёди ҷомеа аз оила сарчашма мегирад, оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст. Маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бо маърифат, оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизамон  расида, номбардори сазовор мегарданд. Дар Конститутсия омадааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии шахс ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанди солим, ватандӯсту ватандор, бонангу номус вазифаи муҳим ва муқаддаси ҳар як оила мебошад.

Чӣ тавре , Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат мегуянд; “Ҳар як мамлакатро танҳо фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонад. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст”. Имрӯзҳо, дар ин марҳилаҳои хеле ҳассос ва мураккаби таърихӣ инсоният нисбат ба тамоми давраҳои дигар ба илму маърифат, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, тамаддуни миллиамон ниёз дорад.

Чунин вохӯрии самимӣ аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” баргузор гардид. 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ ва Итиқлол

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.