• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ идома дорад

Migration Service by Migration Service
24.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ идома дорад
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ҳамарӯза дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Хуҷанд идома дорад.

Дар суҳбат бо муҳоҷирон, ки тавассути парвоз ва қатора барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Федератсияи Россия сафар мекунанд, таъкид карда мешавад, ки дар кишварҳои қабулкунанда қоидаҳои будубош ва талаботи меҳнатиро риоя карда, фаъолияти босамар намоед. Қабл аз сафар касбу ҳунар омӯзед, то ки дар бозори меҳнат рақобатпазир бошед.

Ҳамзамон, қайд карданд, ки имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бо муваффақият муқобили экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст.

Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки ягон нохалафе ҷавонони моро ба доми худ кашида гумроҳ созанд.

Бояд донист, ки мақсади асосии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлуқа овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Имрӯз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул гардидааст, ки ҳадафи барномаи мазкур паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат, тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии зидди ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намуданӣ оқибатҳои мавқеи онро, ҷорӣ намудани навоварӣ таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриқонунӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.

Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.

Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия ҳамкорӣ намоянд.

Дар охири вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳо оид ба муҳоҷирати бехатар; Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, аз ҷумла ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” тавсияҳои муфид дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии сайёр дар ноҳияи Спитамен

Next Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад

Next Post
Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.