Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории БПНМ (бемории пайдоношудаи норасоии масуният) ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, одамрабоӣ, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта тибқи нақшаи таҳиягардида дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоатҳои Айнӣ ва Рарз хуб ба роҳ монда шудааст.
Баромадкунандагон оиди ҳолатҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ба бемории БПМН гирифтор шудани шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатиро иштирокчиён расониданд.
Аз ҷумла, иброз намуданд, ки қисме аз муҳоҷирон аз надоштани саводи кофӣ ва надонистани қонунҳои будубоши кишварҳои қабулкунанда ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мегарданд. Ҳар як нафар ҷавон агар дорои саводи диниву дунявӣ бошад, забонҳои хориҷиро донад ба доми афродони халалрасони ҷомеа намеафтанд.
Ҳамагон шоҳидед, ки чи қадар ҷавонон, занон ва умуман шаҳрвандони мо низ ба доми чунин гурӯҳҳо афтода бо ҳар гуна азобу машаққат қисмашон фирор ва қисми дигарашон дар ҷангҳо ҳалок гаштанд. Оилаҳои онҳо фарзандони онҳо ҳама ятиму бе паноҳ монданд. Аз ҳамаи нафарон хоҳиш карда шуд, ки аз фаъолияти меҳнатии фарзандонатон дар хориҷи кишвар доим хабардор бошед, ҳеҷ гоҳ ҷавононро бе назорат нагузоред. Бе аҳамият, ки монем фарзандону наберагони мо ба доми чунин афроди пасти хунхор меафтанд, ки оқибатҳои нохушро ба бор меорад.
Масъалаи дигаре, ки гуфта шуд ин солҳои охир зиёд ба қайд гирифта шудани бемориҳои БПНМ мебошад, ки сабабҳои асосии пайдошавии он ин асосан беаҳамият будан ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардан мебошад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар нохияи Айни