Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент бо муроҷиаткунандагон корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Зимни суҳбат ба муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, зӯроварӣ дар оила, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоии ин зуҳуроти номатлуб маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи падидаҳои хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, метавонанд ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта, аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро, даъватҳои шубҳанок ва ҷалб шудан ба амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намояд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаи нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ шарҳ дода шуд, ки истеъмол ва паҳн намудани маводи нашъадор ба саломатии инсон, оила ва ҷомеа зарари ҷиддӣ расонида, боиси оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мегардад. Ба муроҷиаткунандагон зарурати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва дур нигоҳ доштани ҷавонон аз муҳити носолим фаҳмонида шуд.
Дар идомаи суҳбат масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид гардид, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳар як узви оила, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, ҳалли масъалаҳои оилавӣ бо роҳи мусолиҳатомез ва таъмини муҳити солиму бехатар дар оила аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ба иштирокчиён оид ба роҳҳои пешгирии зӯроварӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон ва зарурати сари вақт муроҷиат намудан ба мақомоти дахлдор дар ҳолатҳои рух додани чунин ҳодисаҳо маълумот дода шуд. Илова бар ин, кормандони шуъба ба муроҷиаткунандагон оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба қонун даъват ба амал оварданд.
Дар рафти чорабинӣ муроҷиаткунандагон имкон пайдо намуданд, ки оид ба масъалаҳои баррасишуда саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ ва тавсияҳои муфид гиранд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин суҳбату вохӯриҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, зӯроварӣ дар оила ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа нақши муҳим дошта, ба таҳкими муҳити солиму бехатар ва суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷфират

